БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Синдроми поликистози тухмдонҳо

    Гинекологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Ситора Қодирова

     

    Синдроми поликистози тухмдони занҳо аломатҳои зиёд дорад, аммо сетои он асосӣ ба шумор мераванд:

     
  • Дуктур Малика Юсупова: Тарс аз Кувид-19 ҳамчунон боқист!

    Тайи ду моҳи гузашта вируси куруно дар Тоҷикистон ҳамаҷо бедод мекард. Дар баробари он лашкари қавӣ ва шуҷоъи мо асосан пизишкон ва кормандони беҳдоштӣ буданд. Аз ҷумла пизишкони Бемористони Ибни Сино дар ин пайкор фаъолона ширкат меварзиданд.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МУМИНОВА ДИЛОРОМ

    Фарде, ки ҳангоми беморӣ бештар аз ҳама дар канори бемор аст ва ба ӯ ғамхорӣ мекунад, парастор аст. Илми тибро аз даврони куҳан то ба имрӯз наметавон бидуни ҳузури парастор тасаввур кард, зеро ӯ дар муроқибат аз беморон, ҳифзи саломати онҳо, пешгирии амроз ва таскини дардҳои беморон нақши калидӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Дар Бемористони Ибни Сино бахши гастроэнтерология таъсис меёбад

Дар Бемористони Ибни Сино, ки пайваста баҳри расонидани хизмати босифати тиббӣ барои мардум мекӯшанд, ба наздикӣ бахши гастроэнтерология кушода мешавад. Дар ин бахш бемориҳои узвҳои ҳозима ташхис ва табобат хоҳанд ёфт. Шуъбаи навтаъсис бо тамоми дастгоҳҳои замонавӣ аз қабили эндоскоп, клоноскоп ва ғайра муҷаҳҳаз буда, 

дар ин бахш бемориҳои меъдаву сурхруда, рудаҳои бузург, нест кардани омоси зиёдатӣ аз рудаҳо, бастани варикозҳои сурхруда, сӯзонидани захм, васеъ намудани тангии сурхруда бо балон ва стент, гузоштани лулаи тағзия тавассути эндоскоп дар даруни меъда, сӯзонидан ё хушк кардани варикоз ва гепатит озмоиш ва табобат карда мешаванд. Ба табобати беморон профессори варзидаи хориҷӣ Доктор Мансурӣ машғул мегардад, ки яке аз беҳтарин мутахассисони ин бахш ба ҳисоб меравад. Ҳама он нафароне, ки аз бемории узвҳои ҳозима азият мекашанд, метавонанд аз хизмати босифати тиббӣ дар Бемористони Ибни Сино ва машварати мутахассиси варзидаи хориҷӣ истифода намоянд.

Телефон барои тамос ва маълумот 44-640-01-02, 44-640-01-03

 

 

 

ФОТО