БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Ҷарроҳи пластикӣ Муҳаммади Беҳрӯз ба Ибни Сино меояд

Барои нафароне, ки мехоҳанд ба симои зоҳирияшон ислоҳоте ворид созанду аз хизмати ҷарроҳи пластикӣ, мутахассиси варзидаву пуртаҷрибаи хориҷӣ Муҳаммади Беҳрӯз, ки аз санаи 30-юуми ноябр, рӯзи якшанбе ба қабули беморон ва ҷароҳиҳои пластикӣ шуруъ мекунад,

истифода баранд. Шумо метавонед равғани зиёдатии шикам, миён ва дигар узвҳои баданатонро маҳв карда, ҳамзамон шакли бинию гӯшҳоятонро (албатта агар намуди онҳо шуморо нороҳат менамоянд) дигар созед. Ҳамчунин амалҳои нозуки дигаре аз қабили лифтинг, ботокс, обдармонии пӯст, ҷавонсозӣ, витаминдор намудани чеҳра, нест кардани доғҳои руй ва доначаҳои сиёҳ аз ҷумлаи амалҳоеанд, ки ӯ  анҷом хоҳад дод. Ин муъҷизакори зебоиофар ҳамагӣ  таи чанд рӯз ба муоинаву табобат ва ҷароҳиҳои пластикӣ дар Ибни Сино машғул мешавад, бинобар ин фурсатро аз даст надода метавонед худро барои замони бароятон мувофиқ дар Бемористони Ибни Сино аз худи ҳозир номнавис намоед. 

ФОТО