БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Синдроми поликистози тухмдонҳо

    Гинекологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Ситора Қодирова

     

    Синдроми поликистози тухмдони занҳо аломатҳои зиёд дорад, аммо сетои он асосӣ ба шумор мераванд:

     
  • Дуктур Малика Юсупова: Тарс аз Кувид-19 ҳамчунон боқист!

    Тайи ду моҳи гузашта вируси куруно дар Тоҷикистон ҳамаҷо бедод мекард. Дар баробари он лашкари қавӣ ва шуҷоъи мо асосан пизишкон ва кормандони беҳдоштӣ буданд. Аз ҷумла пизишкони Бемористони Ибни Сино дар ин пайкор фаъолона ширкат меварзиданд.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МУМИНОВА ДИЛОРОМ

    Фарде, ки ҳангоми беморӣ бештар аз ҳама дар канори бемор аст ва ба ӯ ғамхорӣ мекунад, парастор аст. Илми тибро аз даврони куҳан то ба имрӯз наметавон бидуни ҳузури парастор тасаввур кард, зеро ӯ дар муроқибат аз беморон, ҳифзи саломати онҳо, пешгирии амроз ва таскини дардҳои беморон нақши калидӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Профессор Мансурӣ аз 11 декабр ба Ибни Сино меояд

Аз санаи 11 декабр мутахассиси барҷастаи бахши гастроэнтерология профессор Мансурӣ  дар Бемористони Ибни Сино ба қабул ва муоинаи беморони узвҳои ҳозима шуруъ мекунад. Бояд тазаккур дод, ки шуъбаи гестроэнтерологияи Бемористони Ибни Сино бо тамоми дастгоҳҳои замонавӣ аз қабили эндоскоп, клоноскоп ва ғайра муҷаҳҳаз буда, дар ин бахш

бемориҳои меъдаву сурхруда, рудаҳои бузург, нест кардани омоси зиёдатӣ аз рудаҳо, бастани варикозҳои сурхруда, сӯзонидани захм, васеъ намудани тангии сурхруда бо балон ва стент, гузоштани лулаи тағзия тавассути эндоскоп дар даруни меъда, сӯзонидан ё хушк кардани варикоз ва гепатит озмоиш ва табобат карда мешаванд. Инчунин лозим ба тазаккур аст, ки дар бахши гастроэнтерология дар радифи бемориҳои узвҳои ҳозима гепатитҳо низ ташхис ва табобат карда мешаванд.

Ҳама он нафароне, ки аз бемории узвҳои ҳозима азият мекашанд, метавонанд аз ҳузури ин мутахассиси барҷаста истифода намоянд.

 Телефон барои тамос ва маълумот 44-640-01-02, 44-640-01-03

 

 

 

ФОТО