БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Дар нохияи Фархор филиали Бемористони Ибни Сино кушода шуд.

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Филиали Бемористони Ибни Сино дар ноҳияи Фархор кушода шуд

Бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино 17 декабари соли 2014 бо баргузории маросими бошукуҳ дар маркази ноҳияи Фархор ифтитоҳ гардид.

      Филиали Фархор, ки аз шуъбаҳои кардиологӣ, урологӣ, рентген, дорухона  ва озмоишгоҳ иборат аст, бо навтарин дастгоҳҳо  ва лавозими пизишкӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Дар назар аст, дар ояндаи наздик дар он ҳамчунин шуъбаҳои бемориҳои умумӣ, бемориҳои занон, дандонпизишкӣ низ фаъол шаванд.

       Филиали Фархор севумин бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино буда, қаблан филиалҳои ин бемористон дар шаҳрҳои Панҷакент ва Хуҷанд ба фаъолият шуруъ карда буданд.

Филиали Бемористони Ибни Сино дар шаҳраки Фархор, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 22 воқеъ мебошад.     

ФОТО