БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ИСЛОҲИ УФТОДАГИИ УЗВҲОИ ТАНОСУЛӢ ВА НОРАСОИИ МУШАКҲОИ ДОХИЛИ КОС

       Фаромадагии узвҳои таносулӣ ва ё норасоии мушакҳои дохили кос ба маънои аз ҷои худ беҷо шудани узвҳои таносулӣ, монанди бачадон, масона ва рӯдаи рост мебошад, ки ба истилоҳи тиббӣ пролапси гениталӣ, систоселе ва ректоселе номида мешавад.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МИРАТУЛЛО ИСОЕВ

    Агар дар даврони қадим пизишкон беморонро қабл аз амали ҷарроҳӣ бо роҳҳои хашину дарднок беҳуш мекарданд, имрӯз дар дастраси илми тиб доруҳое ҳастанд, ки беморро аз дарди теғи ҷарроҳӣ эмин нигаҳ медоранд. Мутахассисе, ки ин доруҳоро ба бемор тазриқ мекунад ва аз аввал то охири амали ҷарроҳӣ дар канори ӯст, мутахассиси беҳушкунанда ё анестезиолог аст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ ИБНИ СИНО: ИСОМАДИНОВ ХАЙРУЛЛО

    Хайрулло Исомадинов ҷарроҳи моҳиру тавонои дилу рагҳо (кардиохирург) ва табиби хушмуомилаи Бемористони Ибни Сино тӯли бист соли фаъолияташ садҳо нафарро ҷарроҳӣ карда ва умри дубора бахшидааст.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Ёрии таъҷилӣ дар Бемористони Ибни Сино 24 соат ва бе истироҳат фаъолият мекунад

    Бештари маризони бемористони Ибни Сино аз хидмати бахши Ёрии таъҷилӣ истифода мебаранд.

    Бештар беморони сармохӯрдагӣ, дорои фишори баланд, нафарони маҷрӯҳ ва шахсоне, ки таби баланд доранд ё аз ғизо заҳролуд шудаанд, дар муддати то 6 соат дар Ёрии таъҷилӣ ташхису табобат гирифта, мувофиқи тасмими пизишк ба бахшҳо мунтақил ва ё мураххас мешаванд.

     Бахши Ёрии таъҷилӣ 24 соат дар рӯз бидуни истироҳат фаъолият карда, доим бо пизишкони навбатдор ва кормандон таъмин мебошад. Инчунин мошини Ёрии таъҷилӣ низ аз ҷузъҳои бахши Ёрии таъҷилӣ буда, барои расонидани маризони вазнин омодааст. Худи мошин ҳамбо таҷҳизоти ҳаётнигоҳдоранда муҷаҳҳаз аст.

    Бахши Ёрии таъҷилӣ аз дорувориҳое, ки худи бемористон ворид мекунад ва василаҳои масрафии якмасрафа таъмин аст, ки кафолати пешгирӣ аз сироят ва таъмини сифати баланди табобатро медиҳанд.

ФОТО