БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ТАБОБАТИ РЕЗИШИ МӮЙ БА ВАСИЛАИ ФИЗИОТЕРОПӢ

    Мудири бахши физиотеропии

    Бемористони Ибни Сино.

    доктор Каримов Муҳибуллоҳ.

     

    Физиотерапӣ – ҳангоми рехтани мӯй. Давомнокии ҳаёти мӯйи инсон бисёр кӯтоҳ буда, танҳо 3 солро ташкил медиҳад. Ҳаррӯз мо тақрибан 50-150 мӯи кӯҳнашударо гум мекунем ва ин як раванди физиологии муқаррарӣ аст.

     
  • КӮТОҲИИ ҚАД

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Ҳар чизе дар ин олам як таърифи хос ва меъёр, тарҳ ва нақшаи махсус дорад. Тақрибан ҳамаи кӯдакон, агар норас ва зудрас таваллуд нашаванд ва ё ба бемории генетикӣ гирифтор набошанд, ҳангоми таваллуд шудан қади онҳо тақрибан аз 47 см то 53 см ва бо таври мутаввасит 50 см хоҳад буд.

     
  • БЕМОРИИ ФИБРОКИСТОЗИ ПИСТОН

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Вуҷуди тӯдаҳои хурд бо теъдоди бисер дар ҳарду пистонро, ки дар назди онҳо кистаҳои хурд дида мешаванд, пистонҳои фиброкистӣ меноманд. Доштани пистонҳои фиброкистӣ аслан ва абадан як мушкили ҷиддӣ намебошанд.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Мақолаҳо

Саломатии кӯдакон бадтар аз волидайни онҳост

  Мутобиқи тадқиқоте, ки  ба яке аз конфронсҳои илмии Амрико пешниҳод шудааст, фаъолияти ҷисмонии бачаҳо дар ҳама гӯшаи ҷаҳон нисбат ба давраи кӯдакии волидайни онҳо хеле поён рафтааст.  Ин фарқият дар таҳқиқоти зикршуда 15%-ро ташкил медиҳад ва ифодакунандаи он аст, ки  солимии ҷомеа рӯ ба пастӣ дорад.

 

Доктор Грант Томкинсон аз Донишгоҳи Австралияи Ҷанубӣ (мактаби улуми пизишкӣ), ки натиҷаҳои «American Heart Association Scientific Sessions» дар соли  2013-ро дар Даллас пешниҳод намуд, мегӯяд, ки агар насли ҷавон барои беҳдошти саломатии худ аҳамияти ҷиддие надиҳад ва ба машқҳои мунтазами бадан ҳамарӯза машғул нашавад, пас онҳо дар оянда худро гирифтори бемории қалбӣ хоҳанд сохт.

Ӯ зикр менамояд, ки ҳарчанд роҳҳои гуногуне барои беҳдошти саломатӣ аз қабили вазнбардорӣ, гимнастикаи сабук, теннис ва ғайра вуҷуд дорад, лекин муҳимтаринаш он аст, ки ба кори дил рабт дошта бошад. Дар ин маврид давидан ба масофаи муайян  хеле муфидтар аст.

Муҳаққиқон таҳлил намуданд, ки фаъолияти физики бачагон дар давоми 46 сол чӣ тавр тағир ёфтааст.  

Давоми солҳои  1964-2000 ин табиб бо ҳамкасбонаш барои давидан дар 28 мамлакат  50 таҳқиқот гузаронидаанд, ки он зиёда аз 25 миллион нафарро аз сини 9 то 17 солагӣ фаро гирифтааст.

Дар рафти таҳқиқот маълум карда шуд, ки
низоми кори қалбу рагҳои хунгузар дар бачагон дар зарфи 46 сол ба андозаи 5% дар ҳар даҳсола поён рафтааст.

Барои тақвият бахшидан ба низоми кори дил ва  рагҳои хунгузар бачаҳоро мебояд ҳадди ақал 60 дақиқа дар як рӯз ба фаъолияти ҷисмонӣ аз қабили давидан, дучархаронӣ ва ё  шиноварӣ машғул шаванд.

 

ФОТО