БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • БЕМОРИҲОИ ДАСГОҲИ ГУВОРИШ

    Дастгоҳи гувориш (системи ҳозима) узвҳои барои инсон муҳимро дар бар мегирад. Дар нигоҳи аввал чунин менамояд, ки халал дар кори меъда танҳо ба рӯда таъсиргузор хоҳад буд. Аммо дар асл равандҳои дар ин дастгоҳ ҷараёндошта, бисёр печидаву мураккабанд ва барои дарки ин ҳақиқат кофист ҳар як узви дастгоҳи гуворишро дар алоҳидагӣ баррасӣ кунем.

     
  • БЕМОРИИ ГИПЕРТОНӢ: ОМИЛҲОИ АСОСӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ

    Мутахассиси бахши кардиологии

    Бемористони Ибни Сино,             

    доктор Мунира Нуъмонова.

     

    Дар илми тибб, болоравии фишори дохили шарёнӣ (артериалиро) бемории гипертонӣ меноманд. Ин беморӣ  дар зиёда аз 30% аҳолии Замин ба назар мерасад.

     
  • САРЧАРХЗАНӢ ВА САБАБҲОИ ОН!

    Асабшиноси Бемористони Ибни Сино, 

    доктор Саидалиев Шерали.

      

    Ҳар инсон, ақалан боре дар ҳаёти худ гирифтори сарчархзанӣ гардидааст. Сарчархзанӣ метавонад бо зуҳуроти гуногун буруз кунад. Одатан сарчархзанӣ, дар натиҷаи халадор гаштани интиқоли импулсҳои асабӣ, аз дуртарин қисматҳои дастгоҳи вестибюларӣ ба мағзи сар иттифоқ меуфтад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Мақолаҳо

Бемории санги гурда ва роҳҳои пешоб (уролитиаз)

Ин бемориест, ки санг дар гурда (чомчаҳо, лоханка) ва роҳҳои пешоб (уретра, обдон) пайдо мешавад. Андозаи ин сангҳо баробар бо  регреза то тухми мург аст. Ин сангҳо дар гурда пайдо мешаванд ва бо мачрои пешоб метавонанд ба поён ҳаракат кунанд. Ҳангоми  ҳаракат метавонанд боиси  дарди шадид шаванд.  Аҳёнан ин ҳаракот метавонад бедард низ бошад.

Сабаби пайдошавии сангҳо гуногунанд.

Сабаби якум ирсият мебошад. Дар хуни баъзеҳо  ирсан калтсий аз меъёр зиёд аст ва азбаски  санги гурда аксаран  аз калтсий иборат аст, чунин одамон  ба он мубтало мегарданд. Ғайр аз ин табодули ғизоӣ низ ирсан метавонад нақз дошта бошад, ки ин омил  ҳам сабаби пайдоиши санг мешавад. 

    Сабаби дувум омили ҷуғрофӣ мебошад. Дар чойҳои гарм инсон бисёр арақ мекунад ва камтар пешоб мекунад, ки низ сабаби пайдоиши санг мегардад. Ҳамчунин  таркиби оби ошомиданӣ низ, агар  микроэлементҳои зиёд дошта бошад,  метавонад боиси эҷоди  санг шавад.  

     Сабаби дигар таркиби ғизоӣ мебошад. 

Намудҳои санги гурда оксалатҳо, фосфатҳо ва уратҳо мебошанд. Вобаста ба  таркиби санг пизишк метавонад табобати пешгирикунанда  таъмин намояд. 

     Аломатҳои беморӣ.

Асосан ин беморӣ бо дард дар миён аз худ хабар медиҳад. Бештар, ҳаракат кардани санг дарди шадидро дар роҳҳои пешоб эҷод мекунад. Санг ҳангоми ҳаракат  гурда ё роҳи пешобро мехарошад ва ё маҷрои пешобро баста, дард эҷод мекунад. Дарде, ки дар гурда эҷод мешавад мисли дарди  роҳҳои пешоб сахт нест. Аксар вақт дарди санги гурда ва роҳҳои пешоб, дарди халамонандест, ки ногаҳон ва хеле шадид пайдо мешавад. Ин дард гоҳе то ба ҳадде шадид аст, ки боиси дилбеҳузурӣ ва қай кардан мешавад. Ранги пешоб хунолуд мешавад. Пешобкунӣ бо дард ва сӯзиш  анҷом мешавад. 

   Пешгирӣ.

Дар сурати мавҷуд будани  ин омилҳо ба пизишки уролог муроҷиат кунед. Вобаста аз омилҳои сангсоз пизишк тавсияи лозимаро медиҳад, ки хатари пайдоиши сангро кам мекунад. Таҷҳизоти мавҷуда имкон медиҳад, ки пизишк бемории шуморо дуруст ва фарогир ташхис бикунад.

     Агар дар гурда ва роҳҳои пешоб санг пайдо шавад,  чӣ бояд кард? 

Сангҳои хурд ва баъзе сангҳои нармро пизишк метавонад бо дармони доруӣ рафъ кунад. Агар санг дар ҷойҳои безарари гурда истода бошад, ки маҷрои пешобро набандад ва дарде ҳам надошта бошад,  ниёз ба коре надорад. Вале агар санг дар ҳоли ҳаракат  бошад ё дар  маҷро ҷой дошта бошад,  онро метавон  аз тариқи сангшикани дохиландомӣ бо видео-рентген контрол намуда гирифта берун овард. Агар санг дар уретра ё обдон ҷойгир шуда бошад, онро бо нефроскоп аз тариқи сурохии табиии бадан дармеоваранд. 

 

ФОТО