БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ЯТРОГЕНӢ ЧИСТ?

    Пизишки умумии бемористон,

    Ҳамроалиева Ноҳида.

     

    Ятрогенӣ (аз юнонии қадим ἰατρός "табиб" + γενεά "таваллуд") - бадшавии ҳолати ҷисмонӣ ё равонии бемор аст, ки  бо сабаби саҳлангории мутахассиси соҳаи тибб рух медиҳад.

     
  • БЕМОРИИ ҶОҒАР

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббос Тавакуллиён.

     

    Бемории ҷоғар, яъне ғадуди сипаршакл аз андоза калонтар шудан аст. Дар сурати ботаҷриба будани табиби эндокринолог метавонад тағйироти андозаи ғадуди сипаршаклро бо муоина ташхис гузорад. Дар сурате, ки табиб натавонад бо муоина андоза ва хусусиятҳои зобро муайян созад, он гоҳ тавассути УЗИ метавонад онро муайян созад.

     
  • НОҲАНҶОРИИ (АНОМАЛИЯИ) ЭБШТЕЙН

    Ноҳанҷорӣ ё аномалияи Эбштейн бемории нодирӣ модарзодии дил мебошад. Ин беморӣ миёни тамоми иллатҳои модарзодии дил 1% ро ташкил медиҳад. Бемории мазкур бори аввал аз ҷониби осебшинос (потологоанатом) Эбштейн тавсиф гардидааст. Ҳангоми ин иллат, девораҳои қапқоқои рости даҳлези дил, на аз ҳалқаи даҳлезӣ-меъдачавӣ, балки аз девораҳои меъдачаи рост берун меоянд ва ба пуррагӣ ҷафс намешаванд (норасоии қапқоқи трискупид).

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Внимание
  • Lack of access rights - File 'http:/sugurta.tj/cache/5/054ebec4b9d3016e05f5f92f0e691be0.png'
  • Lack of access rights - File 'http:/sugurta.tj/cache/5/054ebec4b9d3016e05f5f92f0e691be0.png'

Мақолаҳо

БАРНОМАИ СУҒУРТАВИИ «ТАШХИС»

БАРНОМАИ СУҒУРТАВИИ «ТАШХИС»

Барномаи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ

         Барнома замимаи ҳатмии Қоидаҳои суғуртаи ихтиёрии тиббӣ буда, масоили зайлро танзим менамояд:

- хидматҳои  тиббӣ, ки Суғуртакунанда ба  шахсони Суғурташуда (минбаъд Суғурташудагон) мерасонад ва маблағи онҳо мутобиқи Нархномае, ки дар байни ҶСП «Дили солим» (Бемористони Ибни Сино) ва ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» тасдиқ шудааст ва то поёни амали Шартномаи суғурта тағйир намеёбад, дар ҳолати пардохт намудани150 сомонӣ пушиши суғуртавӣ 5000 (панҷ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

        Пас аз он то 80% (ҳаштод дар сад)-и хидматҳои тиббии расонидашударо аз ҷониби ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» пардохт мешавад.

         Баъди пардохт намудани ҳаққи суғуртавӣ ба хазинаи ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» полиси суғуртавӣ фаъол мешавад. Муддати фаъолияти полиси суғуртавӣ 12 моҳ мебошад. 

Шахси суғурташуда ҳуқуқ дорад барои гирифтани хидматҳои тиббӣ ба Бемористони Ибни Сино ва филиалҳои он муроҷиат намояд. Муштарӣ қисми маблағи хидматҳои тиббиро дар асоси ҷадвали зер пардохт менамояд:

Номгӯи  хидматрасониҳо

        Нархи хидмат

      Пардохт аз тарафиҶДММ

«Суғуртаи миллӣ»

          Пардохт аз тарафи муштари

-машваратҳои мутахассис

(терапевт, кардиолог, уролог, гинеколог,

нейрохирург, ортопед-травмотолог,

отолоринголог, офталмолог)

 

 

 

 

 

 

 

-

 

 

-

 

 

80%

 

 

-

 

 

20%

Шӯъбаи ташхис:

-тести варзиш;

-ЭХО КГ;

-УЗИ;

-Спирометрия

 

 

-

 

 

 

-

 

 

 

 

80%

 

 

 

-

 

 

 

20%

 

хидматрасониҳои шӯъбаи ёрии таҷилӣ, яъне

сӯзандоруи даруни мушак ва даруни варид

тазриқшаванда

-

-

80%

-

20%

Захмбандии хурд ва бузург

-

-

50%

-

50%

Тахти хоби бахши ёри таҷилӣ (то 6 соат)

-

-

50%

-

50%

Рентгенография

-

-

50%

-

50%

Озмоишгоҳ

-

-

15%

-

85%

       Барномаи мазкур расонидани хидматҳои махсуси тиббиро дар чорчӯби зайл пешбинӣ менамояд:

-ёрии амбулаторӣ-дармонгоҳӣ.

          1. Ёрии амбулаторӣ-дармонгоҳӣ:  

 -қабули духтурон: духтури умумӣ, ҷарроҳ, гинеколог, уролог, отоларинголог, офталмолог, кардиолог, физиотерапевт, травмотолог-ортопед  бо мақсади дармону ташхис;

-маълумотномаҳои тиббӣ, дорухатҳо (ретсепт);

-муоинаҳои ташхисӣ: ташхиси озмоишгоҳӣ (таҳлили умумӣ ва муфассали хун, аз ҷумла: тромбоситҳо, индекси протромбин, лахташавии хун, таҳлили умумии пешоб, муаян намудани қанд дар пешоб; таҳлили биохимиявии хун: қанди хун, электролитҳо, сафеда ва ҷузъҳои сафеда, ферментҳо, таҳлили иммуноферментӣ, креатинин, мочевина, билирубин, липопротеидҳои  зичии баланд ва паст, холестерин, триглитсеридҳо, ҳормонҳои ғадуди сипаршакл, Hds Ag, HCV (ҳепотитҳо), ВИЧ, RW, сафедаи С реактивӣ, фактори ревматоидӣ, реаксияи Хеделсон, Райт ва Видал; таҳлили мадфуъ, муҳитҳои кишти бактериологӣ ва дигар намудҳои озмоиш (таҳлил);

- рентген,  урография, УЗИ, ЭКГ, ЭХО КГ, тести варзиш, офталмоскопия;

-физиотерапия;

-ёрии таъҷилии тиббӣ. 

 Эзоҳ:   а) Хидматрасонӣ мутобиқи ин Барнома дар асоси ҷадвали дар боло зикргардида  расонида    мешавад.

            б) Дар барнома пардохти нархи васоили истифодашаванда шомил намешавад

 

 

 

 

 

 

 

 

ФОТО