БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Холиқов Абдуҷобир

Дар пайравӣ аз ҳамкорони гиромӣ

Аз фаъолияти бахши зери назари худ, бахши таъминот ва таъсисот мехоҳам чанд сухан бигӯям. Таҷҳизоти пизишкӣ ва режими санитарии марказ чун ҷузъе аз таъсисоти бемористон, зери назари мутахассисони бахши мо қарор доранд. Ҳамин тавр тавзеҳоти зер низ ба ду боб: таҷхизот ва режими санитарӣ тақсим мешавад. На як бору ду бор дар нашрияҳо Бемористони Ибни Сино ба ҳайси маркази муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ муаррафӣ шудааст.

Ба тақвияти ин суханҳо мехоҳам рӯйхати мухтасари таҷҳизоти пизишкии марказро пешниҳод кунам, то хонандаи гиромӣ худ иқтидори таҷҳизотии марказро дарк кунад. Аслан таҷҳизоти пизишкиро иборат аз се гурӯҳ медонам. Гурӯҳи аввал шомили таҷҳизоти ташхисӣ мебошад ва бемористони мо бо дастгоҳҳои томографи компьютерӣ, рентген, ангиографӣ ва ультрасадоҳои тавлиди ширкати Siemens-и Олмон ва Medison муҷаҳҳаз мебошад. Ҳамчунин бахши ташхиси дил бо дастгоҳҳои эхокардиографӣ Vivid-и GE, эхокардиографи трансэзофагиалии истеҳсоли ширкати Siemens, стресс-тести Full vision истеҳсоли ИМА, муҷаҳҳаз аст. Барои санҷидани кори шуш, спирометри итолиевии ширкати Cosmed inc. мавҷуд аст. Гурӯҳи дуввум, ки дар дохили утокҳои амал ва бахшҳои табобатӣ гузошта шуда, аз чашми аёдаткунандагон дуранд, хеле ихтисосӣ буда, кафолати асосии муваффақияти ҷарроҳиҳо ва нигоҳдории маризон мебошанд. Бахшҳои бистарӣ ва эҳёи марказ бо мониторҳо, дастгоҳҳои нафаси сунъӣ, электрошок, экг ва ғайра, ки хама истеҳсоли ширкатҳои муътабаранд, муҷҷаҳаз шудаанд. Бахши эҳё, ки аз муҳимтарин бахшҳо ба ҳисоб меравад, ба изофаи таҷҳизоти номбурда, инчунин бо таҷҳизоти махсуси иловагӣ аз қабили дастгоҳи ташхиси гозҳои хун (ABG), дастгоҳҳои нафаси сунъӣ, комплектҳои ёрии фаврии стерилӣ, тахтҳои махсуси эҳё муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бахши гемодиализи бемористон, ки ба эҳтиёчмандон хизмат мерасонад низ бо таҷҳизоти хозиразамон ва васоили масрафии босифат таъмин мебошад.
Бахши беморихои чашм , ки нисбатан дертар таъсис шудаааст, низ бо таҷҳизоти замонавӣ, аз қабили линзметр, биомикроскоп рефрактометри истехсоли ширкати машхури Япония –Shin Nippon ва инчунин дастгохи УЗИ , визометрия, ретиноскопия, биомикроскопия, тонометрия, офталмоскоп, микроскоп, дастгохи Фейкои ширкати Heine Олмон муҷаҳҳаз мебошад.
Яке аз бахшҳои дигари бемористон, ки воқеан боиси ифтихори мост, бахши зебоӣ мебошад. Ин бахш низ бо дастгоххои навтарин мучаххаз аст.
Ҳамчунин мошини ёрии таъҷилии бемористон бо кулли таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, бемористони саёрро мемонад.
Утокҳои амали бемористон бахшхои муқаддаси онанд, ки таҷҳизоти фавқулодда дошта, воқеан боиси фахри мо ҳастанд. Бемористони маркази дар шаҳри Душанбе дорои се утоқи амали комилан муҷаҳҳаз мебошад. Утоқи амали дил дорои тамоми имконият аз қабили тахту лампи махсуси тавлиди Аврупо, дастгоҳи беҳушиву гардиши сунъии хун, балон помпу васоили ҷарроҳии истеҳсоли Аврупо ва Амрико буда дар кишвар назир надорад! Утоқи амали урологии бемористон тамоми имконоти лозимаро ба шумули тахту ламп, C-Arm-у дастгоҳҳои эндо-видео, тасвияи об ва ғайра дорост, ки кори ҷарроҳонро осон карда, табобати камзахми бидуни бурриши бадан ва кафолатнокро таъмин месозад. Утоки амали умумии бемористон низ ҳамчунин муҷаҳҳаз буда, бо дастгоҳҳои лапароскоп, гистероскоп, микроскоп, васоили амалҳои ортопедӣ, асаб, чашмпизишкии ҳозиразамон таъминанд. Инчунин бахшҳои минтақавии бемористон дар Хучанду Фархор ва Панҷакент низ бо дастгоҳҳои ҳозиразамони ЭКГ, Эхо КГ,Стресс-тест ва УЗИ муҷаҳҳаз буда, ба мардум хизмати арзанда мерасонанд. Дар бахшхои минтакавии Хучанду Фархор низ утокхои амали комилан мучаххаз фаъолият мекунанд. Хулоса, хамчун касе, ки аз дохил тамоми имконоти бемористонро медонад, эҳсоси ифтихор мекунам, ки мо тавонистем чунин имконотро дар хизмати мардумамон гузорем.
Боби дуввуми гузориши банда ба режими санитарӣ-эпидемиологии муассиса вобаста аст. Рӯз то рӯз дар дуньё маризиҳои нав аз қабили СПИД, гепатитҳо, уфунату вирусҳои мурғиву эбола бештар интишор меёбанд, ки масъулияти бе ин ҳам гарони ин режимро вазнинтар мекунанд. Пешгирӣ аз сироят ва паҳншавии ин маризиҳо ва уфунату сироятҳои дохилибемористонӣ, таҷҳизоти махсус ва васоили гаронқимати замонавиро тақозо менамояд. Барои дезинфектсия ва безараргардонии утоқҳо аз маҳлулҳои замонавии анасепту Славин ва лампахои кварсӣ истифода мешавад. Безараргардонии асбобу лавозиме, ки қобили стериализатсия бо дастгоҳҳои стериализационии буғӣ ва газӣ нестанд, тавассути маҳлулҳои Деконекс, СТЕН ва Славин-делта сурат мегирад. Умуман амалияи тиб дар аксари корҳо аз васоили якмасраф кор гирад ҳам, дар бахшҳои ҷарроҳӣ маҷбур аст аз васоили такрормасраф истифода кунад. Васоили стерилшавандаи ҷарроҳиро метавон ба ду гурӯҳ тақсим намуд: асбобҳои филизӣ, ки бо роҳи термообработка (автоклави бухорӣ) стерил гардонида мешаванд. Ин васоил аввал зери об шуста мешаванд, бо маҳлули махсус санҷида шуда, дар дафтарчаи махсус кайд карда мешавад ва боварӣ ҳосил карда мешавад, ки комилан аз хуну дигар олудагиҳо пок шудаанд. Пас аз он дар моеъхои махсусе, ки дар боло зикр кардем, тар карда шуда, комилан безарар гардонида мешаванд. Ниҳоят ба утоқи автоклав фиристода шуда, дар дастгоҳҳои буғӣ-гармӣ стерил гардонида мешаванд, ки кафолати комил ба даст меояд. Бастаҳои махсуси васоили ҷарроҳӣ бо лентаи махсус, ки аз харорати муайян ранг иваз мекунад часпонида мешаванд ва аз ин роҳ назорати ниҳоии зиддиуфунӣ таъмин карда мешавад. Гурӯҳи дуввумро васоили нарм ва оптикдор аз қабили эндоскоп, нефроскоп, гистероскоп, колоноскоп ва ғайра ташкил медиҳанд, ки онҳоро бо роҳи бугӣ-гармӣ стерил гардонидан номумкин аст, зеро оптик ва резини гаронқимати он садама дида, корношоям мегардад. Ин таҷҳизот низ зери об шуста шуда, бо моеъи махсус беуфунат гардонида мешаванд ва баъдан дар бахши CSR бо дастгоҳи махсуси газӣ, ки аз гази этилен оксайд истифода мекунад, безарар гардонида мешаванд. Ҳамин тавр назорат аз болои режими санитарӣ ва безараргардонӣ дар муассиса тавре роҳандозӣ шудааст, ки ҳаёт ва фаъолияти кормандон ва беморонро комилан бехатар мегардонад. Ба бехатарии ҳаёти худу наздиконатон дар асре, ки пешрафтҳояш бо бемориҳои мухталиф нав ва махуф ҳамроҳ аст, бетараф будан ва аҳамият надодан нишонаи бемасъулиятӣ ва саҳлу содда пиндоштани кор аст!

Бемористони мо кафолат медиҳад, ки дар ин ҷодда низ муввафақу дастболост!

 

ФОТО