БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • ИСЛОҲИ УФТОДАГИИ УЗВҲОИ ТАНОСУЛӢ ВА НОРАСОИИ МУШАКҲОИ ДОХИЛИ КОС

       Фаромадагии узвҳои таносулӣ ва ё норасоии мушакҳои дохили кос ба маънои аз ҷои худ беҷо шудани узвҳои таносулӣ, монанди бачадон, масона ва рӯдаи рост мебошад, ки ба истилоҳи тиббӣ пролапси гениталӣ, систоселе ва ректоселе номида мешавад.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МИРАТУЛЛО ИСОЕВ

    Агар дар даврони қадим пизишкон беморонро қабл аз амали ҷарроҳӣ бо роҳҳои хашину дарднок беҳуш мекарданд, имрӯз дар дастраси илми тиб доруҳое ҳастанд, ки беморро аз дарди теғи ҷарроҳӣ эмин нигаҳ медоранд. Мутахассисе, ки ин доруҳоро ба бемор тазриқ мекунад ва аз аввал то охири амали ҷарроҳӣ дар канори ӯст, мутахассиси беҳушкунанда ё анестезиолог аст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ ИБНИ СИНО: ИСОМАДИНОВ ХАЙРУЛЛО

    Хайрулло Исомадинов ҷарроҳи моҳиру тавонои дилу рагҳо (кардиохирург) ва табиби хушмуомилаи Бемористони Ибни Сино тӯли бист соли фаъолияташ садҳо нафарро ҷарроҳӣ карда ва умри дубора бахшидааст.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Холиқов Абдухалил

Аввалсухан

Дӯстони муҳтарам, ҳамкорони гиромӣ!
Инак зиёда аз панҷ сол мешавад, ки Бемористони Ибни Сино ба хидмати мардум миён бастааст. Ин даргоҳи наҷот сармоягузории бузурги бесобиқа ва то кунун ягона дар соҳаи иҷтимоии кишвар буда, туҳфаи дӯстони эронӣ ба мардуми Тоҷикистон мебошад.

Дар ин муддат бемористон ба муваффақиятҳои беназир ноил шуд, ки ҷои ифтихор дорад. Мо тавонистем пайваста бахшҳои нави ташхису дармонӣ кушоем ва дар минтақаҳо шуъбаҳои худро таъсис диҳем, ки табобати босифати бемориҳои мухталифро дар гӯшаю канори мамлакатамон барои ниёзмандон дастрас намуданд.
Мо тавонистем шеваю усулҳои навини дармони дил рагу варидҳоро ба пуррагӣ роҳандозӣ кунем. Афзун ба он, ки дар бемористон тамоми нуқсон ва норасоиҳои дилу рагҳо табобат мешаванд, таҷҳизот ва тавоноии илмии муассиса имкон медиҳад, беморони қалбашон сакта карда, ба пуррагӣ шифо бахшида шаванд.
Роҳҳои нави камзахм ва муассири ҷарроҳӣ ва табобати бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб низ аз ҷониби мутахассисони мо ба мардум пешкаш шуданд.
Бахшҳои нави бемористон дар заминаи бемориҳои чашм, устухонпизишкӣ (ортопедӣ), мағзу асаб, бемориҳои занон, гастроэнтерологӣ, нефрологӣ, дандонпизишкӣ низ бо дастгоҳҳои нав муҷаҳҳазанд ва аксаран аз технологияи нави табобат кор мегиранд.
Исми олимон ва пизишкони бузургу варзида аз кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги мо Эрон, ки бо муҳаббати хос ба хидмати мардуми Тоҷикистон камар бастаанд, бозгӯи дараҷаи илмии Бемористон аст. Бахусус мехоҳам аз д-р Соми Алдубунӣ- кардиолог-интервензионист, др Саидҳабибуллоҳ Мусавибаҳор-эндоуролог, раиси анҷумани урологҳои Эрон, Др Маҳмудризо Сарзаим-кардиохирург, мудири бахши ҷарроҳии дили бемористони Лаббофинажоди Теҳрон, др. Фирдавсӣ, др. Мансурӣ, др. Бахтиёрӣ ва дигар мутахассисон, ки исмашон дар дунёи тиб маъруф буда, ҳар кадом муаллифи китобу мақолоти зиёди илмӣ мебошанд, изҳори сипос намоям.
Бемористон тайи муддати фаъолияти худ пайваста ба омӯзиши кадрҳои маҳалли барои кор бо таҷҳизоту технологияи нав кӯшиш кардааст. Ҳамин тавр мутахассисони тоҷик докторон Сарҳадчон Бобоалиев, Саидбилол Курбонов - номзади илми тиб, Мубин Аминов, Меъроҷ Ҳакназаров номзади илми тиб, Миратулло Исоев, Доктор Абдуқодир Ҷабборов - номзади илми тиб ва дигарон дараҷаи донишу малакаи худро дар марказҳои тиббии кишварҳои хориҷӣ боло бурда, дармони замонавиро пешкаши халк кардаанд.
Ғайр аз фиристодани мутахассисон барои тайи давраи омӯзишӣ дар Эрон ва кишварҳои дигар, инчунин омузиши кормандон дар дохили муассиса низ роҳандози шудааст.
Сифати табобат ва донишу малакаи кормандон аз ҷониби комиссияи назорати табобати бемористон пайваста назорат карда мешавад.
Мо барои фаъолияти худ масъулияти хеле баланд эҳсос мекунем! Мо дарк мекунем, ки тасмимамон барои додани теғ ба дасти ҷарроҳе бо ҳаёти одамон иртибот мегирад. Ин аст, ки даъвати мутахассисони варзидаи хориҷиро, бо вуҷуди гаронии ин иқдом идома медиҳем . Ин амр аз сӯйе кафолати ҷарроҳӣ ва дармони босифат мегардад ва аз сўйи дигар барои таҷрибаи бештар андӯхтани мутахассисони маҳаллиамон мусоидат мекунад.
Имрӯзҳо кишвар на танҳо дар вазъи начандон мусоиди иқтисодӣ ба сар мебарад, балки шароит рузафзун ташаннуҷ пайдо мекунад. Роҳбарияти бемористон бо назардошти вазъи молии мардум роҳҳои дастрас кардани нархи хадамоти бемористонро бидуни паст кардани сатҳи сифат ҷустуҷӯ мекунад.
Яке аз роҳҳои ҷолибе, ки дархури ҳол аст, суғуртаи ихтиёрии тиббист.
Бемористон ширкати суғуртавии "Суғуртаи Миллӣ"-ро таъсис додааст, ки муштариёни он метавонанд бо нарҳҳои муносиб аз хадамоти ташхисию дармонии бемористон баҳравар шаванд.

ФОТО