Зарипов Асадулло
Зарипов Асадулло, муовини Директори генералӣ дар умури равобити беруна:
Бемористони Ибни Сино, ки то имрӯз бузургтарин тарҳи сармоягузории хусусӣ дар бахши иҷтимоии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, аз ҳамон замони оғози фаъолияташ (сентябри соли 2009) аз чанд нигоҳ тарҳи намунавӣ ва ҳатто мунҳасир ба фард буд. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мо бо ворид кардани технологиҳои навтарини риштаи тибб ва даъвати мутахассисони варзидаи хориҷӣ чандин навъи чарроҳии дилро барои аввалин бор дар Точикистон анҷом додем ва ниёзмандонро аз сафари тӯлонӣ, хастагиовар ва пурҳазина ба марказҳои ҷарроҳии хориҷӣ бениёз гардонидем.