БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • Синдроми поликистози тухмдонҳо

    Гинекологи Бемористони Ибни Сино,

    доктор Ситора Қодирова

     

    Синдроми поликистози тухмдони занҳо аломатҳои зиёд дорад, аммо сетои он асосӣ ба шумор мераванд:

     
  • Дуктур Малика Юсупова: Тарс аз Кувид-19 ҳамчунон боқист!

    Тайи ду моҳи гузашта вируси куруно дар Тоҷикистон ҳамаҷо бедод мекард. Дар баробари он лашкари қавӣ ва шуҷоъи мо асосан пизишкон ва кормандони беҳдоштӣ буданд. Аз ҷумла пизишкони Бемористони Ибни Сино дар ин пайкор фаъолона ширкат меварзиданд.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МУМИНОВА ДИЛОРОМ

    Фарде, ки ҳангоми беморӣ бештар аз ҳама дар канори бемор аст ва ба ӯ ғамхорӣ мекунад, парастор аст. Илми тибро аз даврони куҳан то ба имрӯз наметавон бидуни ҳузури парастор тасаввур кард, зеро ӯ дар муроқибат аз беморон, ҳифзи саломати онҳо, пешгирии амроз ва таскини дардҳои беморон нақши калидӣ дорад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Мутахассисон

 

 

 Алӣ Саломат –директори генералӣ

 

 

 

 

Др. Бобоалиев Сарҳад –  муовини директори генералӣ оид ба корҳои табобатӣ; кардиолог, духтури дараҷаи олӣ.

Соли 1994 бахши муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Аз соли 2009 дар Бемористони Ибни Сино фаъолият мекунад.

Тамоми бемориҳои қалбӣ, аз ҷумла: норасоии қалбӣ, кардиомиопатия, нуқсони дил, аритмия, бемории ишемикии дил, аз ҷумла сактаи қалб, стенокардия, бемориҳои миокард ва ғайраро муолиҷа мекунад. Ҳамчунин дар ташхиси ангиографӣ ва стентгузории шараёнҳои дилу гурда ва пойҳо маҳорати баланд дорад.

Др. Зарипов Асадулло - муовини директори генералӣ дар умури равобити беруна; духтури дараҷаи олй, саратоншинос.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро дар соли 1990 хатм намудааст. 

Аз соли 2009, яъне аз замони таъсиси Бемористони Ибни Сино ба ин ҷониб, муовинати раиси бемористонро бар дӯш дорад.

Дар тӯли фаъолияти кориаш саратони ғуддаҳои пистонӣ, саратони андомҳои таносулии мардону занон ва саратони ҳуфраи шикам ва навъҳои гуногуни саратони кӯдаконро муолиҷа кардааст.

Холиқов Абдуҷобир - муовини директори генерали дар заминаи таъсисот ва таъминот, вогиршинос (эпидемиолог) 

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро дар соли 1999 хатм намудааст.  

Аз соли 2010 дар Бемористони Ибни Сино фаъолият мекунад.  

 

 

Др. Мубин Аминов - мудири бахши урологӣ, пизишки дараҷаи олӣ, уролог-андролог, андролог.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро дар соли 1987 хатм намудааст.  

Аз соли 2009 дар Бемористони Ибни Сино бо пизишкони эронӣ корро шурӯъ карда, таҷриба омӯхтааст.

Доктор Аминов дар табобати бемориҳое чун аномалия (инҳироф), осеб ва латхӯрии гурда, роҳҳои пешобрав ва андомҳои таносулӣ, санги гурда, омоси гурда ва узвҳои пешобрав, варикосел, гидросел, безурриётӣ ва ғайра таҷриба ва маҳорати баланд дорад.

Др. Ҳақназаров Меҳроҷ - мудири бахши дармонгоҳ; мутахассиси сонографӣ (УЗИ), мутахассиси дараҷаи олӣ; номзади илмҳои тиб.

 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро дар соли 1987 хатм намудааст. 

 Аз соли 2009 ба ин сӯ ба дар Бемористони Ибни Сино  фаъолият мекунад. 

Дар ташхиси ултрасадоии гурда, масона, ғадуди зери меъда, бачадон ва тухмдон, ғадуди сипаршакл, ҷигар, талхадон, ғадуди простат бо муайян кардани пешоби боқимонда, испурч ва ғадуди адренал бисёр дақиқу корозмуда аст. 

Др. Абдувоҳидов Абдусамад Абдуқаҳорович, мудири шӯъбаи умумии бемористон; уролог-андролог, эндоуролог, номзади илмҳои тиб. 

Др. Абдувоҳидов соли 2009 аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино бо дипломи сурх фориғуттаҳсил шуд.

Ӯ аз соли 2012  дар Бемористони Ибни Сино ба ҷарроҳӣ ва муолиҷаи ҳамаи анвоъи бемориҳои гурда, аз қабили пиелонефрит, паранефрит, санги гурда ва роҳҳои пешобрав, омоси гурда, омоси масона, омоси узвҳои ҷинсии беруна, безурриётӣ, варикасел ва дигар бемориҳои гурда ва роҳҳои пешобгузар машғул аст. 

Др. Сатторов Орифҷон - мудири бахши бистарии ангиография; кардиолог-интервенсионист.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро дар соли 2008 хатм намудааст.

Орифҷон Сатторов аз соли 2011 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино ҳамчун кардиолог-интервенсионист ва фаъолият намуда, дар коронароангиография (ангиографияи рагҳо), ангиопластика (стентгузорӣ ё пластикаи дохилӣ) катетеризатсияи ғурфаҳои дил, табобати консервативии (доруӣ) бемориҳои дил маҳорати баланд дорад. 

 

Др. Малика Юсупова - кардиолог.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро дар соли 1996 бо дипломи аъло хатм намудааст. 

Аз соли 2009 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино ба дармони афроде машғул аст, ки аз бемориҳои марбут ба фишори баланди шараёнӣ, нуқсонҳои пайдошуда дар қалб, бемориҳои ишемикии қалб ва бемории мушакҳои қалб (кардиомиопатия) ранҷ мебаранд, машғул аст.

 

 

Др. Исомадинов Хайрулло - мудири бахши ҷарроҳии дилу рагҳо ва бахши ҷарроҳии умумии бемористон; ҷарроҳи дил. 

Доктор Хайрулло Исомадинов Донишгоҳи давлатии тиббиро соли 1999 дар шаҳри Хуҷанд ба поён расонд.

Аз соли 2015 дар Бемористони Ибни Сино ба ҳайси ҷарроҳи дилу рагҳо шурӯъ ба фаъолият кард.

Ба наҳви олӣ ва ҳирфаӣ анҷом додани тамоми намудҳои ҷарроҳии кушодаи дилу рагҳо, ислоҳи нуқсони модарзодиву пайдошуда, ислоҳи нуқсони даричаи дил, шунтгузории аортакоронарӣ, инчунин анҷом додани  ҷарроҳиҳои эндо, аз қабили торакоскопия ва лапороскопия аз дастовардҳои доктор Хайрулло Исомадинов мебошад. 

Др. Миратулло Исоев, анестезиолог-реаниматолог, мутахассиси дараҷаи олӣ; 

Др. Миратулло Исоев Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро дар соли 1993 ба поён расонд. 

Аз соли 2013 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино ҳамчун анестизиолог-реаниматолог фаъолият намуда, ҳамчунин мудирияти бахши эҳёи бемористонро бар дӯш дорад. 

Ӯ ҳудуди 25 сол боз машғули сабук кардани дарди беморон ҳангоми ҷарроҳӣ аст. 

 

Доктор Қодирова Ситора Исрофиловна, пизишки занон ва ҷарроҳи дараҷаи аввал.

Доктор Ситора Қодирова соли 2007 бахши муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва соли 2009 магистратура бо тахассуси пизишки занона ва зоймон (акушерство и гинекология)-и ҳамин донишгоҳро хатм намудааст.

Аз соли 2015 дар Бемористони Ибни Сино ба ҳайси ҷарроҳи дилу рагҳо шурӯъ ба фаъолият кард.

Тамоми бемориҳои аъзои таносулии занона, аз ҷумла: бемориҳои уфунати коси хурд, кисти тухмдонҳо, миомаи бачадон, поликистози тухмдонҳо, вайроншавии назми ҳайз ва безурриётиро табобат мекунад. Ин мутахассиси ҷавон ҳачунин, дар анҷом додани амали ҷарроҳии коси хурд тариқи кушодан ва ё бо роҳи лапароскопӣ, дар бартараф кардани нуқсонҳои модарзодии духтарон бо равиши гистероскопӣ, инчунин дар гузарондани ҷарроҳиҳои пластикӣ ҳирфаӣ аст. 

 

 Доктор Қурбоналӣ Мирзобеков ҷарроҳи шикастабанд. 

Ин ҷарроҳи шикастабанд бахши умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро дар соли 2006 ба итмом расонд. 

Аз соли 2009 то 2012 дар кафедраи осебшиносии Қарияи боло давраи ординатураро гузаронда, баъди ба итмом расондани он дар Бемористони Ибни Сино ҳамчун осебшинос шурӯъ ба фаъолият кард.

Амали пайвандсозӣ ва ивази буғуми косу рон, зону, бозӯ, банди даст, ҷарроҳиҳои шикастагии устухонҳо бо равишу таҷҳизоти навини бахши осебшиносӣ анҷом медиҳад.

Табобати консервативии андомҳои такя ва ҳаракат, бемории кокстартроз, артрози буғуми зону, бемории Hallux Valgus, дардҳои қисми гардан, қафаси сина, камар ва сутунмуҳра, остеохондроз, шикастагии нодуруст сабзидаи устухонҳои дасту по ва муолиҷаи деформатсияи устухонҳо аз тавоноиҳои доктор Қурбоналӣ Мирзобеков ҳастанд.

Доктор Шаҳло Бобоҷонова пизишки дараҷаи олӣ, чашмпизишк.

Доктор Шаҳло Бобоҷонова Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро дар соли 1988 ба итмом расонд. 

Аз соли 2013 ин ҷониб дар Бемористони Ибни Сино ба қабул, муолиҷа ва ҷарроҳии чашм машғул аст.

Тамоми бемориҳои чашм, аз ҷумла норасоии рефракторӣ (дурбинӣ ва наздикбинӣ), оби марвориди синну солӣ, модарзодӣ, оризавӣ, баъди осебӣ; глаукомаи шадид, оризавӣ, модарзодӣ; конъюктивит, блефарит, кератит ва бемориҳои дигари чашмро бо равишҳои нав во бо истифода аз дастгоҳҳои замонавӣ ташхис ва табобат мекунад. Дар гузарондани амалиёти ҷарроҳии чашм, ба монанди факоэмулсификатсия, теномиопластика, блефаропластика,  дакриосисториностомия, ҷарроҳии глаукома, синусатробекулаэктомия ва ҷароҳӣ бо равиши  Мак- Ренолдсро таҷрибаи боло дорад.

Мунира Нуъмонова пизишки дараҷаи аввал, кардиолог.

Ӯ аз таҳсил  дар Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино дар соли 1995 фориғ шуд.

Мунира Нуъмонова аз нахустин пизишконест, ки аз рӯзи таъсиси Бемористони Ибни Сино, яъне аз соли 2009 ба ин сӯ, дар бемористони мазкур ба табобати бемориҳои қалб машғул аст.

Дар муолиҷаи тамоми намудҳои бемории дил, бахусус, нуқсонҳои модарзодӣ ва пайдошудаи дил, фишорбаландии шараёнӣ, бемориҳои ишемикии дил, бемориҳои мушакии дил, анҷоми тести варзиш, муоинаи ЭХОКГ маҳорати баланд дорад.

Доктор Шодиев Нозим Шокирович, мутахассиси гӯшу гулӯву бинӣ ва ҷарроҳи пластикӣ.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро дар соли 2013 бо тахассуси пизишки гӯшу гулӯ ва бинӣ хатм намуда, фаъолияти кориашро як сол баъд аз хатми донишгоҳ дар Бемористони Ибни Сино шурӯъ кардааст. 

Доктор Шодиев дар баробари муолиҷаи бемориҳои гӯшу гулӯву бинӣ, ҳамчунин дар анҷом додани чандин навъи ҷарроҳиҳои пластикӣ ва табобатӣ дасти тавоно дорад. Асосан, ба ҷарроҳиҳои зебоисозии сурат ва андом машғул аст. Ба гуфтаи доктор, дар тӯли панҷ соли таҷрибааш дар анҷом додани амалҳои ҷарроҳӣ занҳо бештар барои тағйири шакли бинӣ ва пистон ба назди ӯ  меоянд.

Нозим Шодиев ягона ҷарроҳест, ки амали дакриосисториностомияи эндоскопӣ – тармими канали ашк  ва биниро дар Тоҷикистон анҷом медиҳад. Бо ин навъи ҷарроҳӣ каналҳои басташудаи ашк кушода ва муолиҷа мешаванд. Навъҳои зиёди ҷарроҳии гӯшу гулӯ ва бинӣ ва зебосозии сурату андом бо ҳузури доктор Нозим Шодиев дар Бемористони Ибни Сино сурат мегиранд 

Доктор Ноҳида Ҳамроалиева пизишки умумӣ, (терапевт) масъули бахши ёрии таъҷилӣ.

Ӯ соли 1999 аз бахши умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино бо дипломи сурх фориғ аз таҳсил шуд.

Аз соли 2019 ба ин сӯ дар Бемористони Ибни Сино ба унвони пизишки умумӣ (терапевт) фаъолият мекунад.

Доктор Ноҳида Ҳамроалиева ҳамарӯза дар Бемористони Ибни Сино ба расондани кумакҳои аввалия ва муолиҷаи бемориҳои дарунӣ машғул аст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 др. Мусавибаҳор Сайидҳабибуллоҳ – уролог, эндоуролог.

    Дар тибби модерни урулуҷѝ ҷарроҳии боз ҷойгоҳе надошта ва тақрибан тамоми бемориҳо бо равиши эндоурологӣ ва бидуни буридани бадан қобили ҷарроҳӣ аст.   e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.                                                                             Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

 

 др. Алдубонй Амирҳусейн (Доктор Сомй)- кардиолог-интервенсионист.

  Мутахассиси бемориҳои дил,  мутахассиси боз кардани тангии рагҳо ва дармони бемориҳои модарзод                                                   ва даричаи дил бидуни ҷарроҳѝ.                                               

 e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.   Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

     

 др. Сарзаим Маҳмудризо – ҷарроҳи дил

    e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

 

 

Ҷаъфари Алиризо – масъули бахши ангиография, муҳандис

 Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.   

 

 

                                                                                                                                          

 

др. Беҳруз Қаҳҳоров - рентгенолог 

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

 

ФОТО