БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • КӮТОҲИИ ҚАД

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Ҳар чизе дар ин олам як таърифи хос ва меъёр, тарҳ ва нақшаи махсус дорад. Тақрибан ҳамаи кӯдакон, агар норас ва зудрас таваллуд нашаванд ва ё ба бемории генетикӣ гирифтор набошанд, ҳангоми таваллуд шудан қади онҳо тақрибан аз 47 см то 53 см ва бо таври мутаввасит 50 см хоҳад буд.

     
  • БЕМОРИИ ФИБРОКИСТОЗИ ПИСТОН

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

     

    Вуҷуди тӯдаҳои хурд бо теъдоди бисер дар ҳарду пистонро, ки дар назди онҳо кистаҳои хурд дида мешаванд, пистонҳои фиброкистӣ меноманд. Доштани пистонҳои фиброкистӣ аслан ва абадан як мушкили ҷиддӣ намебошанд.

     
  • ЗОБИ БАЪД АЗ ВАЛОДАТ

    Эндокринологи бемористон,

    Доктор Аббоси Тавакуллиён.

                                    

    Як намуди хеле шоеъ аз бемориҳои ғадуди сипаршакл, зоби баъди валодат аст. Аз ҳар 10 зани валодаткарда, яке аз онҳо гирифтори зоби пас аз валодат  мегардад. Зоби баъди валодат дар касоне иттифоқ меуфтад, ки зоби камкори пинҳонӣ дошта бошад, аммо аз вуҷуди он бехабар бошад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Тавсияҳои мо

Чӣ бояд кард? Агар фишори шумо аз меъёр зиёд бошад….

  Аз истеъмоли ширинӣ даст кашед ва ҳолати рӯҳии худро ором нигоҳ доред

Ҷаҳиши  якбора ё болоравии фишори хун на танҳо дар калонсолон балки дар ҷавонон низ ба мушоҳида мерасад. Барои он ки фишорбаландй ба кори дил, мағзи сар ва нури чашм таъсир нарасонад, чораҳои зарурӣ бояд андешид

.

 Фишор аз меъёри муқаррарӣ зиёд аст (баландтар аз 120/80 мм.рт.см)

Агар шумо дар ҷавонӣ гирифтори фишорбаландии шараёнӣ гардидед, пас шумо ба доираи шахсони ба гурӯҳи «а» шомилбуда, дохил мешавед. Маълум мешавад, ки шумо шахси масъулиятнокед, меҳнати ҳалол пеш мебаред. Мехоҳед ҳама корро худатон анҷом диҳед. Аз ҳар як ноомадии кор рӯҳафтода мешавед. Шахсони ба гурӯҳи «а» шомилбуда, ҳамеша мехоҳанд худашон ҳама корро анҷом диҳанд, худашон ба ҳама чиз муваффақ шаванд ва дар назарашон онҳо ин корро аз дигарон хубтару беҳтар иҷро мекунанд.

Аммо дар хотир дошта бошед, ки агар оламро дигар кардан нашавад, пас бояд нигоҳи худро ба он дигар кард. Ба ҳар ҳол аз шахсони ба гурӯҳи «в» шомилбуда ибрат бояд гирифт, зеро онҳо хама чизро ҳамон тавре ки ҳаст, дар ҳамон шакл қабул мекунанд.

Ҳолати рӯҳии худро ҳамеша ором нигоҳ доред. Агар шумо ба коре машғулед, пас набояд дар як рӯз иҷроиши ду кори муҳиму аввалиндараҷаро ба нақшаи гиред. Масалан як масали хуби инглисӣ ҳаст: «ҳеҷ вақт ҳамаи он кореро, ки имкон доред, анҷом надиҳед».

Шумо бисёр мехоҳед, ки аз имконоти доштаатон низ зиёдтар кор кунед, аммо ин ба шумо зарар меоварад.

Шахсоне, ки ба тарбияи фарзанд машғуланд, якбора нақши чанд касро бозӣ накунед, мисол дар як вақт шумо наметавонед ҳам модар, ҳам арӯси хонадон ва ҳам ҳамсари меҳрубон бошед. Аз ин рӯ асабатонро ҳамеша ором нигоҳ доред. Танҳо дар ин ҳолат зиндагии шумо бардавом ва фишоратон хубу муътадил хоҳад шуд.

Номгӯи хӯрокаро нав кунед

Бештар маҳсулоти тару тозаро истеъмол кунед. Масалан меваю сабзавоти тозаро ҳамарӯза ба номгӯи хурокатон ворид кунед. Маълум аст, ки витамини С девораи рагҳои хунгузарро қавӣ мегардонад, аз ин рӯ шумо бояд бештар он маҳсулотхоеро истеъмол кунед, ки дар таркибашон витамини С доранд. Ҳамчунин организми худро аз калий ва магний ғанӣ гардонед.

Намаки кам..

Намаки барзиёд оби организми инсонро баста мегардонад, дар ин ҳолат рагҳо танг мешаванд ва дар натиҷа фишори хун боло меравад. Дар як рӯз организми инсон ба 4-6 г натрий ё 10-15 г намаки ошӣ талабот дорад. Нисфи ин аллакай дар таркиби таъоми шумо истеъмолменамуда вуҷуд дорад, хусусан дар консерваҳо. (Беҳтараш аз истеъмоли консерваҳо даст бикашед) Пас талабот фақат ба ним қошуқи чойнӯшӣ боқӣ мемонад. Ин ҳолат талаботи шуморо ба оби нушоки камтар мекунад, чунки меъёри шабонарӯзии шумо тақрибан 1,2 хоҳад буд.

Аз истеъмоли маҳсулоти хамирӣ даст кашед.

Фарбеҳӣ яке аз омилҳои асосии фишорбаландӣ аст. Агар вазни шумо аз меъёр зиёд бошад, пас аз истеъмоли ширинӣ ва маҳсулоти хамирӣ даст кашед.

 

ФОТО