БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ ИБНИ СИНО: ИСОМАДИНОВ ХАЙРУЛЛО

    Хайрулло Исомадинов ҷарроҳи моҳиру тавонои дилу рагҳо (кардиохирург) ва табиби хушмуомилаи Бемористони Ибни Сино тӯли бист соли фаъолияташ садҳо нафарро ҷарроҳӣ карда ва умри дубора бахшидааст.

     
  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ ИБНИ СИНО: САТТОРОВ ОРИФҶОН!

    Пизишке, ки сарсупурдаи кори худ аст ва мешавад ба ӯ пурра эътимод кард. Хуб медонад дар лаҳзаҳои душвор беморро чи гуна рӯҳбаланд кунаду хешовандонашро таскин бахшад. Маъмулан, одамон ба табибони миёнсол эътимоди бештар доранд, аммо бо садоқат ба кори худ, дониши қавӣ ва муомилаву рафтори махсус бо ҳар бемор, ӯ тавонистааст дар синни ҷавонӣ ин эътимодро ба даст оварад.

     
  • СИНДРОМИ ХАСТАГИИ МУЗМИН

    Кардиологи бемористон,

    доктор Мусоева Марҷона.

     

    Хастагии зиёд ва заъфи умумӣ аз шикоятҳоеянд, ки мардум ба пизишкони гуногун муроҷиат мекунанд. Теъдоди зиёде аз мардум ҳам бо ин ки хастагии музмин доранд, ба табибон муроҷиат намекунанд. Вазъи онҳо одатан баъди истироҳати кофӣ беҳбуд меёбад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Тавсияҳои мо

Чурраи сутунмӯҳра аз чӣ пайдо мешавад?

  Чурраи сутунмӯҳра аз остеохондроз сарчашма мегирад. Чурраи сутунмӯҳра (грыжа позвоночника)-ҳатто дар ҷавонон низ бештар ба назар мерасад. Кадом намуди табобат ба ин беморӣ муфидтар бошад?

Чурра чӣ тавр пайдо мешавад?

 

То пайдоиши чурра дар сутунмӯҳра ба таври номуайян сол то сол тағироти ҷузъӣ ба миён меояд. Ин замоне пайдо мешавад, ки дискҳои байни мӯҳраҳои сутунмӯҳра аз фишор ё зӯровардан ва ё якбора бардоштани бори вазнин хӯрда мешавад ва қисми чандирии он ба моддаи сахт (фиброзной) табдил ёфта, оҳиста-оҳиста калон шудан мегирад. Табибон дар ин ҳолатҳо ба бемор ташхиси «остеохондроз» мегузоранд ва агар бемор аз дард шикоят надошта бошад, ташхиси иловаги гузаронида намешавад.

Аммо дар баъзе беморон диск бо гузашти вақт дам ё варам мекунад ва ҷои холигии байни мӯҳраҳоро гирифта ба чурра (грыжа)табдил меёбад. Чурра пояҳои рагҳои асабро фишор меоварад (танг мекунад) дар натиҷа джарди сахте пайдо мешавад. Дар даҳсолаи охир ин намуди беморӣ дар байни ҷавонон низ пайдо шуда, нишонаҳои аввалини он дар сини 25 солагӣ ба мушоҳида мерасад.

Шикоятҳои беморон аксаран ин дарди миён, ки одатан аз як паҳлӯ сар зада ба пой низ мегузарад ва ба ҳаракат кардани шахс халал мерасонад. Бо мурури замон нишонаҳои дигар низ аз ҷумла каҷшавии сутунмӯҳра аз кор мондани  ё сустшавии мушакҳо ва камхаракатӣ ё беҳаракатии пойҳо низ пайдо мешавад.

Чи тавр табобат бояд кард?

Тибқи муқаррарот ҳамаи беморони бо нишонаи чурра шикоят менамуда аввал ба рентген фиристода мешаванд. Аммо ин намуди ташхис барои ин беморӣ хусусан дар мархилаҳои авали пайдоиш маълумоти хеле кам медиҳад.

Усули боэътимоди ташхиси чурраи сутунмӯҳра ин томографияи магнитӣ-резонансӣ мебошад. Тавассути ин усули ташхис хатто хурдтарин тағироти сутунмӯҳра ва ҳаҷм ва варами онхо муайян карда мешавад. Мутаассифона ин дастгоҳи хеле қиммат мебошад  ва арзиши ташхис низ нисбатан болотар хохад буд, аммо имрӯз на ҳама бемористонҳо имконияти харидани чунин таҷҳизотро доранд. Аммо дар баъе маврид бе ёрии ин дастгоҳ низ ташхиси пурраи чурра имконпазир мегардад.

Дар мавриди чурраи сутунмӯҳра, ки ҳаҷмаш аз 5 миллиметр хурд бошад, бо усулҳои маъмулӣ табобат карданаш имконпазир аст. Агар чурра аз 5 миллиметр калонтар бошад, одатан табибон ба ҷарроҳӣ намудани бемор тавсия медиҳанд. Ҳамчунин ҷарроҳӣ барои онҳое, ки ҳаракат карда наметавонанд, тавсия дода мешавад.

Дар замони имрӯз роҳи аз ҳама муфид ин бо усули микрохирургӣ бартараф кардани чурраи сутунмӯҳра, (агар дар ин зимн диски сутунмӯҳра осеб наёфта, рагҳои асаб озод ва гардиши хун барқарор карда шавад) маҳсуб меёбад. Ҷарроҳии микрохирургӣ имкон медихад, ки қобилияти меҳнатии бемор дар мӯҳлатҳои нисбатан камтар барқарор карда шавад.

Хавфҳои гирифторӣ ба ин беморӣ–бисёрвазнӣ ва аз кор мондагии (обут об наёфта)-и организми инсон ба шумор меравад.

ФОТО