БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: КАРИМОВ МУҲИБУЛЛО

    Агар ба барқарорсозии саломати худ ниёз доред, пас бояд ба назди мутахассиси физиотеропӣ биравед.

     
  • ИВЛ чист ва дар наҷоти гирифторони COVID-19 чи нақш дорад?

    Кардиологи бемористон,

    доктор Малика Юсупова.

     

    Дастгоҳи танаффуси сунъӣ (Аппарат искусственной вентиляции легких)

     

    Номи яке аз дастгоҳҳои тиббие ки имрӯз вирди забонҳо шудааст, ҳамин Дастгоҳи танаффуси сунъӣ (ДТС) аст.

     
  • ПРОСТАТИТ

    Урологи бемористон,

    доктор Абдусамад Абдувоҳидов.

     

     

    Простатит – илтиҳоби ғадуди пешҷой ё худ простат мебошад. Ин беморӣ хоси мардон аст. Простатит боиси паст шудани сифати ҳаёти мардон, бахусус мардони синни фаъоли меҳнатӣ гашта, аз мушкилоти мубрами рӯз ба шумор меравад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Тавсияҳои мо

Агар сатҳи холестерини хуни шумо аз меъёр боло бошад

   Бо анҷоми тавсияҳои беҳдошти саломатии худро ҳифз кунед.

Вақте, ки холестерини хуни шумо аз меъёр болост, яъне LDL ё холестерини бади шумо болост ва ин маънояш ин аст, ки рагҳои бадани Шумо дар хатари баста шудан бо лахтаҳои (плагҳои) сахтии шараён(атеросклероз) ҳастанд.

Барои поён овардани холестерини бад ё зараровар шуморо лозим аст, ки амалҳои зеринро анҷом диҳед:

 

  1. Вазни худро контрол кунед.
  2. Доруҳои поёноварандаи чарбу ба хусус аторвастатин, разовостатин, симвастатинро масраф кунед (бо тавсияи пизишк).
  3. Аз масрафи ғизоҳои пурхолестерин (зардаи тухми мурғ, пӯсти мурғ, майонез, сосиска, ҳасиб (колбаса), картошкаи бирён, чарбуи гӯшт, қаймоқ, сметана, маска, ҷурғот ва шири пурчарб, калаю почав а хурокҳои серравған худдорӣ кунед.
  4. Дар ҳафта 4-5 маротиба моҳӣ, протеинҳои гиёҳӣ (лӯбиёи сурх, наск, нахӯд) истеъмол кунед.
  5. Дар сурати имкон 5 маротиба кабудӣ, сабзавот ва меваи тоза ё оби мева истеъмол кунед.
  6. Аз истеъмоли хӯрокҳое, к ибо канди холис таҳия мешаванд (яхмос, мураббо, шоколад) худдорӣ кунед.
  7. Сатҳи LDL –хуни худро 1,8 mmol ё 70 мg/dl нигоҳ доред. Дар сурати диабети қанд (ДК) бояд қанди худро 5 mmol  ва нас-ро 6,5 нигоҳ доред.
  8. То ҳадди имкон фаъолияти ҷисмонӣ ва варзиш кунед (бо тавсияи пизишк).

Бо орзуи саломатии Шумо Бемористони Ибни Сино!

ФОТО