БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Хабар

  • БЕМОРИҲОИ ДАСГОҲИ ГУВОРИШ

    Дастгоҳи гувориш (системи ҳозима) узвҳои барои инсон муҳимро дар бар мегирад. Дар нигоҳи аввал чунин менамояд, ки халал дар кори меъда танҳо ба рӯда таъсиргузор хоҳад буд. Аммо дар асл равандҳои дар ин дастгоҳ ҷараёндошта, бисёр печидаву мураккабанд ва барои дарки ин ҳақиқат кофист ҳар як узви дастгоҳи гуворишро дар алоҳидагӣ баррасӣ кунем.

     
  • БЕМОРИИ ГИПЕРТОНӢ: ОМИЛҲОИ АСОСӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ

    Мутахассиси бахши кардиологии

    Бемористони Ибни Сино,             

    доктор Мунира Нуъмонова.

     

    Дар илми тибб, болоравии фишори дохили шарёнӣ (артериалиро) бемории гипертонӣ меноманд. Ин беморӣ  дар зиёда аз 30% аҳолии Замин ба назар мерасад.

     
  • САРЧАРХЗАНӢ ВА САБАБҲОИ ОН!

    Асабшиноси Бемористони Ибни Сино, 

    доктор Саидалиев Шерали.

      

    Ҳар инсон, ақалан боре дар ҳаёти худ гирифтори сарчархзанӣ гардидааст. Сарчархзанӣ метавонад бо зуҳуроти гуногун буруз кунад. Одатан сарчархзанӣ, дар натиҷаи халадор гаштани интиқоли импулсҳои асабӣ, аз дуртарин қисматҳои дастгоҳи вестибюларӣ ба мағзи сар иттифоқ меуфтад.

Мо дар Facebook

Обу ҳаво

Тавсияҳои мо

Агар мехоҳед солиму зебо бошед

  Ҳар як шахс,   бахусус занон  доимо мекӯшанд, ки худро солиму зебо нигоҳ доранд, аммо ҳамагон ба хубӣ дарк мекунанд, ки агар организми онҳо ба ҳадди лозимӣ истироҳат накунад, ба ин мақсад расидан амри маҳол аст. Ин гуфтаҳо пеш аз ҳама ба хоб дахл дорад. Агар шумо аз хоб сер нашуда бошед, тамоми рўз худро хаставу бемадор ва асабонӣ ҳис мекунед. Шояд на ҳама медонад, ки аз таъсири камхобӣ пеш аз ҳама пӯсти бадани шумо зарар мебинад.

Агар хоҳед, ки пӯсти шумо солиму пурҷило бошад, дар як шабонарўз на кам аз 8 соат хобидани шумо ҳатмист.

Ҳанӯз мутахассиси маъруфи зебоӣ Коко Шанел гуфта буд, ки ба зебогии зан пеш аз ҳама хоб ёрӣ мерасонад. Зеро танҳо шабона ва ҳангоми хоб ҷараёни барқароршавии пӯсти бадани инсон сурат мегирад. Дар ин сурат агар организми шумо аз хоб сер нашуда бошад, таъсири он дар пўсти шумо эҳсос мешавад. Инро пеш аз ҳама дар пӯсти нозук ва тунуки атрофи чашмон мушоҳида намудан мумкин аст. Пӯсти атрофи чашмон нисбат ба пӯсти дигар қисми бадани шумо аз 3 то 5 маротиба нозуку тунуктар аст. Агар шумо бехобӣ кашида бошед, дар атрофи чашмони шумо зуд доираи сиёҳу торик ва чинҳо (морщин) пайдо мешаванд. Маҳсулоти косметики ҳозиразамон дар чунин ҳолат шояд каме ба шумо кӯмак кунад, аммо ба пуррагӣ таъсири онро бартараф карда наметавонад.

Ҳамагон медонанд, ки дар як шабонарӯз на камтар аз 8 соат хобидани одамон ҳатмист.

Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, нисбат ба мардон занон камтар мехобанд. Дар рӯзҳои корӣ онҳо одатан 6 соат ва дар рўзҳои истироҳатӣ 7 соат мехобанду халос, зеро онҳо дар баробари кори асосии худ боз ба тайёр кардани хӯрок, шустушӯй ва рӯбичини хона машғуланд. Бар зиммаи онҳо ҳамчунин дигар машғулиятҳо: тарбияи тифлони навзод ва пирони куҳансол, ки одатан шаб бедор мешаванд, гузошта шудааст.

Чӣ бояд кард, то ки шаб ором ва осуда бихобем?

  • Хонаи хоби шумо бояд доим  ором бошад.
  • Онро барои хоб мувофиқ гардонед.
  • Хонаи хоб бояд салқин ва ҳавояш тоза бошад. Ҳатто пеш аз хоб шумо метавонед, оббозӣ кунед.
  • Дар хонаи хоб телевизор ва компютер нагузоред. Бигзор он танҳо хонаи хоби шумо бошад.
  • Агар шумо танҳо нестед, пас кӯрпаҳои васеътар партоед то бароҳат хоб карда тавонед.
  • Пеш аз хоб  нӯшокиҳои спиртӣ нанӯшед, зеро дар  ин ҳолат хоби шумо зуд мебарад , аммо дар нисфишабӣ бедор хоҳед шуд. Пеш аз хоб сигор ҳам накашед.
  • Пеш аз хоб хӯрок нахӯред.
  • Нӯшидани қаҳваро дар меъёри муайян нигоҳ доред. Кофеини таркиби қаҳва, чой, шоколад одамро ҳушёр мекунад.
  • Болишти хоб аз маҳсулоти табиӣ пур карда шавад беҳтар аст ва агар накҳати хуш дошта бошад, ба мисоли бўи растаниҳои табиӣ: ҳулбӯй ва ё лаванда  ба рафъи хастагии шумо кӯмак мекунад.

 

ФОТО